ЛАВҲИ АҲМАД (#15676)

Уст, Cултони Алим ва Ҳаким. Ин аст, Булбули Фирдавс, ки бар шохаҳои Сидраи Бақо бо лаҳнҳои қудсӣ ва ширин месарояд, ва башорат медиҳад мухлисонро ба наздикии Худованд ва даъват мекунад муъминини Ваҳдати Илоҳиро ба соҳати Қарибии Худованди Карим, ва хабар медиҳад мунқатеъонро, ба паёме, ки падидор гардида аз суйи Малики Азизи Фарид ва роҳ менамояд муҳиббонро ба суйи нишастгоҳи қудс, сипас ба суйи ин Манзари мунир. Бигу: ин ҳамон Манзари акбар аст, ки дар Алвоҳи Мурсалин пешгуйӣ гардидааст ва ба он ҳақ аз ботил ҷудо мегардад, ва ҳикмати ҳар як амр озмуда мешавад. Бигу: Ба ростӣ ин ҳамон ки самарҳои Аллоҳи Таъолӣ, Муқтадир ва Азимро ба бор овардааст. Эй Аҳмад! Шаҳодат бидеҳ, ба ин ки ба ростӣ, Уст Аллоҳ, нест Илоҳе, ҷуз Аллоҳ, ва Уст Султон, Нигаҳбон, Азиз ва Қадир. Ва Онеро, ки У бо номи Алӣ фиристод, У ҳақ аст аз назди Аллоҳ, ва кулл ба фармони У омилем. Бигу: ё қавм! Итоат намоед ба фармонҳои Аллоҳ, ки дар Баён фарз ҳастанд аз назди Азиз ва Ҳаким. Бигу: Уст Султони Расулон ва китоби Уст Модар-Китоб, агар ҳастед аз орифон. Инчунин ин Булбул нидо менамояд шуморо аз ин зиндон. Ва аз Уст танҳо иблоғи ин паёми мубин. Ҳар ки хост, бигзор аз ин панд эъроз намояд ва ҳар он ки хост, бигзор сабили Парвардигори худро интихоб намояд. Бигу: ё қавм! Агар ин оятҳоро инкор менамоед, пас аз руйи кадом ҳуҷҷат ба Аллоҳ имон овардаед? Биёваред онро, эй ҷамъи козибон! На!  Савганд ба Оне, ки ҷони ман дар дасти Уст, ба он қудрат надоранд ва ҳаргиз нахоҳанд дошт. Агарчи ҷамъ шаванд барои ёрии Ё Аҳмад! Фаромуш манамо фазли Маро дар ғайби Ман. Ба ёд ор Маро дар рузҳои худ, ва ғусса ва ғурбати Маро дар ин зиндони дурдаст. Ва ончунон муcтақим бош дар ҳубби Ман, ки наларзад қалбат, агарчи бар сарат биборанд сайфҳои душманон ва манъ кунанд туро ҳамаи онон, ки дар заминанд ва дар осмон. Чун шуълаи нор бош бар аъдоям, ва кавсари бақо бар аҳиббоям ва мабош аз шаккунандагон. Ва агар маҳзуни дар сабилам, ва ё хор ва зорӣ аз баҳри Исмам, дар изтироб мабош ва таваккул кун ба Аллоҳ, Рабби худат ва Рабби падарон. Чунки мардумон дар роҳҳои ваҳм саргардонанд ва аз фаҳмиш маҳруманд, то   битавонанд   Аллоҳро ба чашми худ бишносанд, ё Нағамоти Уро бо гуши худ бишнаванд. Мо бар он шоҳидем, ва ту ҳам аз шоҳидон. Инчунин, таассуботашон парда гашт дар миёни онон ва қалбҳояшон ва монеъ шуд онҳоро аз сабили Аллоҳи Алии Азим. Ва ту худ яқин бидон, ба ростӣ, он касе, ки аз ин Ҷамол эъроз менамояд, низ эъроз менамояд аз Расулони қабл ва такаббур мекунад ба Аллоҳ, аз аввали ло аввал ва то абадулобидин. Ҳифз кун Ин лавҳро, ё Аҳмад, сипас қироат кун онро дар айёми худ, ва боз мадор худро аз он! Ба ростӣ, Аллоҳ барои ҳар касе, ки онро қироат мекунад, аҷри сад шаҳид ва ибодати ҳар ду ҷаҳонро муқаддар намудааст. Туро сарафроз фармудем ба ин фазл аз суйи Худ ва раҳмате аз назди Худ, то бошӣ аз Ба Аллоҳ савганд, агар бошад касе дар сахтӣ ё ҳузн, ва қироат намояд ин лавҳро бо сидқи ошкор, Аллоҳ рафъ мекунад ҳузни уро, ва ҳал менамояд душвориҳои уро, ва бартараф мекунад мусибатҳои уро. Аллоҳ аст Раҳмон ва Раҳим. Вал ҳамду лиллоҳи Раббил оламин!

-Bahá'u'lláh
-----------------------

